Намоиши филми «Хиёнат»

444445

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар тарабхонаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Пошкент бо иштироки сокинони ҷамоати деҳот ва ҷавонони фаъол намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба роҳ монда шуд.

        Мақсад аз намоиши филм ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон бахусус ҷавонон буда, дар хусуси шукргузорӣ намудан ба ваҳдати миллӣ, тинҷиву осудагӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамчунин, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Баъди намоиши филм бо иштирокчиён суҳбати озод оид ҳамин масъала ва  таассуротҳои аз тамошои филм гирифта шуда доир гардид. Ҷавонон дар муҳосиба иброз намуданд, ки экстремисту террорист Ватан, миллат, дин надорад ва ягона кори ӯ эҷод кардани нооромӣ, нотинҷӣ, тафриқаандозию иғвогарӣ мебошад. Қайд карда шуд ки ҷавонон набояд ба иғвоҳои душманони миллату давлат дода шаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

        Намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» аз рӯи ҷадвали тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>