Тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

20200914_111800

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо баҳри тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Б. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Ш. дар МТМУ №6 Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба  мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баромадкунандагон иштирокчиёнро бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020- 2027 шинос намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва шоҳроҳи ояндаи кишвар, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарбия намудани  ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии паҳншавии касалии сироятии “COVID-19” суханронӣ карда шуд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ дар навбати худ иброз намуданд, ки барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти энергетикӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дилпур буда барои натиҷаҳои пурсамари тамоми соҳаи хоҷагии халқ, ки  аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст миннатдор мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>