Боздид аз нашъунамои пахта дар ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт

119710862_4383645788372240_1548402345572094094_o

15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Рахшона” соли 2009 ташкил гардида, феълан 562 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад.

Хоҷагии мазкур дар ҳудуди ноҳия яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб рафта, дар пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагидорон бо тухмии хушсифати пахта, ҳамзамон дар самти таъминоти дигар шаҳру ноҳияҳо бо чунин маҳсулот саҳм дорад. Шумораи кормандони он 450 нафарро дар бар мегирад.

Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 301 гектар кишти пунбадона гузаронидааст, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт айни ҳол ҳосили интизорӣ 35 сентнерӣ муайян шудааст.

Дар хоҷагӣ асосан навъи пахтаи “Дӯстӣ — 1”, “Флеш”, “Иншад — 2” парвариш карда мешавад, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошад.

Аз ҳисоби кишти пахта хоҷагӣ ҳамасола фоидаи хуб ба даст меорад. Ҳамчунин дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, дар масохати 140 гектар гандум, 60 гектар юнучка, 21 гектар макаи дон ва 40 гектар боғҳои навъи ҳархела парвариш карда мешавад.

Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Тибқи нақша бояд имсол дар масоҳати 150 гектар замин гандуми тирамоҳӣ кишт шавад. Дар қисми боқимондаи заминҳои дар ихтиёрдошта, кишоварзон ҷуворимакка корида, ҳамчунин ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯрокӣ чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои фермаи хурди чорвопарварӣ буда, талаботи худро бо хуроки чорво қонеъ мекунад ва ҳамасола хӯроки чорворо ба фӯруш низ мебарорад.

Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии “Рахшона” ва рафти чиниши ҳосили имсолаи пахта, таъкид доштанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди имсола ва истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда баҳри бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд.

Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки масъулин ва аҳли кормандони хоҷагӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд.

Хоҷагӣ 3 бошишгоҳи саҳроӣ дошта, ҳамаи онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти техникии корӣ таъмин мебошанд.

Имкониятҳои фароҳамовардашуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боиси он гардидааст, ки ҳамасола бо густариш ёфтани фаъолияти хоҷагӣ номгӯй ва миқдори маҳсулоти соҳа зиёд карда шавад.

Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар, кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.

Бо мақсади коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати шири худӣ соли 2019 дар назди хоҷагӣ сехи коркарди шир таъсис дода шуд, ки айни замон қаймоқ, ҷурғот ва равғани зард истесол менамояд.

Самти дигари фаъолияти хоҷагии “Рахшона” ҳамасола хоҷагидорон барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамоянд.

Тибқи маълумот аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 800 тонна тухмӣ гирифита шуд. Ба ғайр аз ин ҳамасола хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020” саҳми арзишманд мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>