Вохӯрӣ бо сокинони кӯчаи Истиқлолият

119598755_383817529276974_1027958836759650872_o

Имрӯз дар кӯчаи Истиқлолияти маҳаллаи Табошари кӯҳнаи шаҳри Истиқлол вохӯрӣ бо сокинон доир гардид, ки дар он як гурӯҳ тарғиботчиён дар ҳайати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр А.Махсумов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳр Х.Гулов ва намоянда аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр К.Аюбов ширкат доштанд.

Рафти вохӯриҳо тарғиботчиён қайд намуданд, ки пешравиҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба даст омадаанд, натиҷаи он гардид, ки рӯзгори мардуми кишварамон рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҳадафҳои асосии сиёсати давлат, яъне фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум, зина ба зина амалӣ гардида истодааст. Инчунин тарғиботчиён доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар самтҳои рушди давлатдорӣ, ки бо хидматҳои шоёни Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон махсусан доир ба пешгирии бемории COVID-19, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар хона ва ҷойи кор, риояи фосила ва истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ ба сокинон фаҳмонида шуд. Таъкид гардид, ки бояд ҳар яки мо дар масъалаи саломатии аҳли оила аз хурд то бузург беаҳамият набошем. Инчунин тарғиботчиён доир ба истифодаи оқилонаи захираҳо, танзими расму ойин, сарфаву сарриштакорӣ дар рӯзгор ва дигар масъалаҳои мубрам баромад карданд.Махсусан доир ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хатари он ба аҳли ҷомеа сухан гуфта шуд.

Дар рафти вохӯрӣ аз нишастагон даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар чорабинии муҳими сиёсӣ-Интихобот фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>