Намоиши филми «Хиёнат» дар Ҷамоати деҳоти Сомониён

IMG_20200916_113947

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ №11 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иштироки ҷавонони фаъол ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба роҳ монда шуд.

Мақсад аз ин иқдом, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон дар хусуси шукргузорӣ намудан ба ваҳдати миллӣ, тинҷиву осудагӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Баъди намоиши филм суҳбати озод оид ба таассуротҳои гирифта шуда доир гардид. Ҷавонон иброз намуданд, ки экстремисту террорист Ватан, миллат, дин надорад. Кори ӯ фақат эҷод кардани нооромӣ, нотинҷӣ, тафриқаандозию иғвогарӣ мебошад. Мо набояд ба иғвоҳои душманони миллату давлат дода шавем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ватани азизамон Тоҷикистонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>