ВОХӮРИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАР-ДАР

119654386_206462614152998_366773931852547665_o

Тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо интихобкунандагони деҳаҳои Искодар, Дар-Дар, Зеробод ва дигар рустоҳои Ҷамоати деҳоти Дар-Дар вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари Ситод, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода, аъзоёни ситод раиси ҷамот И.Устоев, Н.Хоҷамаликов ширкат варзиданд.

Раиси КИН дар ноҳия Р.Раҳимзода доир ба хусусиятҳо ва бартариятҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, дар идомаи суханронӣ атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзади арзанда ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози назар намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ аъзои ситод И.Устоев ва якчанд омӯзгорони фаъол доир ба хидматҳои шоёни Сарвари кишвар дар зарфи 29-соли даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуда, масъулонро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мешавад, фаъолона ширкат варзида, дар амалигардонии ҳадафу Барномаҳои созандаву бунёдкоронаи номзади арзандаи хеш нақши муассири худро мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>