ОЯНДАРО БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁД ХОҲЕМ КАРД

kak-popast-na-priem-k-prezidentu-tadzhikistana_1

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надоранд. Кору пайкорӣ созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таҳиягари пояҳои ҳуқуқи ин миллат, эҳёкунандаи арзишҳои фарҳангиву динӣ, посдори номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо ҳарфҳои заррин ба саҳнаи таърихи муосири тоҷикон абадулдаҳр сабт гардиданд.

Ин ном дар се даҳсолаи охир саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи варзидаи сиёсӣ эътирофу маҳбубияти хоса пайдо кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳу ваҳдат ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли нозоҳо эътироф карда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст.

Олимону муаррихон, файласуфону сиёсатшиносон ҳамеша иброз медоранд, ки: “Раҳоии миллат аз парокандагӣ ва Истиқлолият аз нестӣ бидуни роҳбари хирадманду дурандеш ва одилу тавоно ғайриимкон аст”. Дар лаҳзаҳое, ки ҷони шаҳрвандон ва пайкари Ватан месӯхт ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва ноҷоти миллату давлат кори саҳл набуд.

Дар нахустин суханронии хеш дар маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешвои ормонҳои миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба хиради азалии мардум савганд ёд карданд. Савганди садоқат ба ватану миллат, савганд ба дирузу имрӯз ва фардои Тоҷикистон, ки заврақи пурбору гарони миллатро ба соҳили мурод хоҳанд расонид.

Эътиборан аз ҳамон рӯз тоҷикон новобаста ба ҳама дарду ормонҳои ҳазорсолаашон дар фарозу нишебиҳои таърих барои расидан ба саодат дар симои роҳбари нав, ҳомӣ, соҳиб ва пуштибони хешро дарёфтанд.

Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати навин ҳидоят карда тавонистанд. Ғояҳои афву ҳамдигарбахшӣ, оштии миллӣ паёмҳое буданд, ки аввалин бор аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо доданд. Ояндасози миллати тоҷик бо нияти ваҳдат ва субот андеша меронданд, ҳарф мегуфтанд ва амал мекарданд. Аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагони зиндадил ва Худои муттаол талаби тинҷиву оромии кишварро менамуданд. Рӯз ба рӯз мактаби бузури ватандориву ватандӯстии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон такмилу ташаккул ёфт.

Ба гуфтори яке аз сиёсатмадорони машҳури кишвар Шукурҷон Зуҳуров “Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлӯи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудем”.

Ояндасози миллат пеш аз ҳама сохти конститутсионии давлатро барқарор намуданд.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои ормонҳои миллӣ низоми нави давлатдорӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш гирифта шуд. Ин роҳ дар дуроҳаи таърих ягона роҳи наҷоти миллат буд.

Ғояи меҳварии мазкур минбаъд ба Конститутсияи нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Дар кишвар пояҳои устувори яке аз ниҳодҳои ҷамеаи демократӣ, низоми бисёрҳизбӣ гузошта шуд. Вале ҳар ҳизб вазифадор гардид, ки аз манфиатҳои ҳизбӣ, манфиатҳои умумидавлатиро новобаста аз мавқеи сиёсӣ боло гузорад.

Низоми демокративу дунявӣ умеди ҳизбу ҳаракатҳое, ки низоми диниро талқин мекарданд ва он боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, барбод дод.

Низоми дунявият мавқеъ ва мақоми динро дар ҷомеа муайян намуд. Тибқи он иттиҳодияҳои динӣ, дар фаъолияти худ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила намекунанд. Он қувваҳое, ки низоми диниро талқин мекарданд, эҳсос карданд, ки дар давлати миллӣ мақом ва ҷойгоҳи дин дар таълиму тарбияи ахлоқии мардум буда, ҳеҷ мафкура ва ҳатто мафкураи динӣ наметавонад, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Масъалаи муҳим барои расидан ба сулҳу ваҳдат, муаррифии халқи тоҷик ва давлати миллии он дар арсаи олам буд. Муаррифи барои миллате, ки ҳазор сол дар сояи бедавлатӣ умр ба сар бурд, таҷрибаи идоракунии мустақилро доро нест, ба ҷасорату матонати шахсият ниёз дошт.

Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дилсӯз аз паи муҳаққиқи шинохта ва қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо баробари бунёди давлат, ба эъмори решаҳои таърихи миллат камар баста, истиқлолияти миллиро аз нигоҳи таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назди ҷаҳониён муаррифӣ ва дифо карданд.

Бо гузашти мӯҳлати начандон тӯлонӣ бо ҷашнгирии 3000 солагии тамаддуни орёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кӯлоб, 1100 солагии давлати Сомониён ва ҷашнвораи байналмиллалии Имоми Аъзам халқи тоҷик ба эҳсоси решаҳои таърихии миллат ноил гашт.

Расидан ба сулҳу ваҳдат, нигоҳ доштани соҳибистиқлолӣ, бунёди давлати миллӣ баъди ҳазор соли бедавлатӣ вазифаҳои басо душвору сангинро пеш гузошт. Аз ҷумла, барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷгардида, бунёди шакли идораи давлатӣ, сохтани низоми иқтисодӣ, таъмини амнияти тамомияти ҳудуди кишвар.

Маҳз афкору андеша ва руҳияи ваҳдатсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард. Тоҷикистон, ки аз 3 воҳиди аз ҳам ҷудо иборат буд, тавассути бунёди роҳҳо ба як воҳиди том табдил ёфт. Роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Кулма-Қароқулум, Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе-Чаноқ, нақбҳои Истиқлол дар ағбаи Анзоб, Шар-шар, Хатлон ва Шаҳристон бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуданд. Шабакаҳои барқии кишвар таъсис ёфта, хати баландшиддати 500 кВа-и интиқоли барқии Ҷанубу Шимол бунёд гардид. Нури раҳмонӣ бо баробари мавриди истифода қарор гирифтани 2 агрегати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун Тоҷикистонро пурра мунаввар гардонид.

Мафкураи миллӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ тавонист пеши роҳи нобасомониҳо, бахусус, ҳокимиятхоҳии ниҳодҳои сиёсии диниро гирад. Идеологияи ягонаи миллӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ ғояи ваҳдати миллӣ, барномаҳои стратегии миллӣ ва рушди минтақаҳо, шаҳру навоҳӣ рӯи кор омада ба сулҳу ваҳдат заминагузорӣ карданд.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳама захираву имкониятҳо ба татбиқи 4 ҳадафи стратегии миллӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаӣтикунонии кишвар сафарбар гардида, бо ҷалби сармои дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд.

Дар 28 соли давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як давлати ободу озод, воқеан, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд табдил ёфт.

Дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи давлатдории миллӣ, сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ, таъмини рушди устувории кишвар ва зиндагии шоиста ба мардум дар мадди аввал қарор гирифтанд.

Ба гуфтори Бутрос Ғолӣ собиқ Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид “ Ташаббусҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои рушди минтақа, балки барои инкишофи минбаъдаи давлатҳои тараққикунандаи ҷаҳон нигаронида шудаанд, аз ин лиҳоз ӯ бо ибтикори хеш ғами бисёр халқҳои оламро мехурад”.

Кору пайкор ва ташаббусҳои бемайлони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳангомаҳои беасосу бемантиқи сомонаҳои “Ислоҳ ТВ”, “Паймони Миллии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи 24”, “Паём ТВ”ва ғайра бори дигар аз дурахши ситораи миллат, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ, давлатдорӣ ва сиёсатмадори варзидаи ҷаҳонӣ будани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат дод. Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои ҷаҳон мавқеи устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистонро бори дигар ба аҳли олам муаррифи карда, пули бузурги ташаккули пайванди дӯстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамзистии осоиштаи Аврупо ва Тоҷикистонро ба миён овард.

Ба саҳнаи таърих вуруд омадани Пешвои миллат падидаи нави сиёсии ҷаҳони муосир ва неъмати бузургу бебозгашти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони аст. Ҳадиси корнамоиҳои садри Ватан, номзади арзандаву писандидаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳҳо китобу рисолаҳо ғунҷоиш нахоҳад ёфт. Чӣ василае номзади шоистаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оламгир кардааст? Ихлосу муҳаббат ба обу хоки аҷдодӣ, ба Худову халқи Худо, ихлосу муҳаббат ба хурду бузурги миллат, ба кулли аҳли башар.

Интихоботи пешорӯ давраи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну арзанда, давраи бунёдкориву созандагӣ ва рӯзҳои тантанаи адолати воқеии давлату давлатдорӣ бо андешаву афкори номзади шоиставу писандидаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Боиси сарфарозӣ аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ояндаи неку дурахшони давлати миллии хешро бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалт Раҳмон бунёд хоҳанд кард.

Обидбой Аҳмадов

 Раиси Шӯрои собиқадорони

КИ ҲХДТдар шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>