ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

1

Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дар ин замина фаҳмондани паёмадҳои хатаровари бемории сироятии коронавирус рӯзи гузашта мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ» Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ва сармутахассиси шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳри Исмоил Латипов дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, макони сераҳолии шафати боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ анҷом доданд. Зимни доир намудани мулоқот аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳатман зимни ба кӯча баромадан бо худ ниқоби ҳимоятӣ дошта бошанд, риояи масофаи иҷтимоӣ, дур будан аз издиҳом кафили эмин мондан аз беморист. Дар сурати худро нороҳат ҳис кардан ба наздиктарин нуктаи тиббӣ бояд муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба аҳорлӣ тақсим карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>