Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соҳиби бино шуд

20200917_085247
Тибқи дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабати якуми бинои раёсати кишоварзии шаҳрро барои Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ҷудо намуд.
Бино дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ воқеъ буда, даромадгоҳи алоҳида дорад ва дорои нӯҳ утоқи барҳавои корӣ ва утоқҳои ёрирасон дорад . Бино дар ҳолати хушсифат таъмиру тармим шудаанд, барои фаъолияти босамари кормандон ҳама шароити мусоид муҳайё мебошад. Ҳамаи утоқҳо бо компутар, хати алоқаи интернет, дигар васоити коргузорӣ таъминанд. Саҳни даромадгоҳи бино сабзпӯш буда, минбаъд ба гулзор табдил дода хоҳад шуд.
-Мо барои ин ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори сипос менамоем ва фаъолиятамонро ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҳизб боз ҳам густардатар ба роҳ мемонем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>