Вохӯрӣ бо интихобкунандагони деҳаи Махшевад

02
Имрӯз санаи 17.09.2020 дар деҳаи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё вохӯрии Ситоди пешазинтихоботии КИН доир гардид, ки дар он роҳбари ситод, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ — Рӯзибой Раҳимзода, аъзоёни ситод — раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроия — Маҳмадносир Насруллоев, мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроия – Солеҳбой Қобилов, раиси ҷамоати деҳоти Фондарё — Ёрмаҳмад Ҷуразода иштирок намуданд.
Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии КИН Р.Раҳимзода доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, ҳамзамон атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзад аз ҲХДТ ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, аъзоёни фаъоли ситод, раиси Шӯрои собиқадорон М.Насруллоев, Ё.Ҷуразода оиди нақшаҳои басомонрасидаи раиси ҲХДТ дар 7 — соли қаблӣ, маълумоти муфассал доданд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, ҳамзамон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ интихобкунандагони деҳаи Махшевад масъулонро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябр баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, раъйи худро медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>