Тарғибот дар деҳоти Маҳрам

изображение_viber_2020-09-17_08-56-06

Тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти дар деҳоти Маҳрами ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш  Шарипови шаҳри Конибодом ҷиҳати пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ва ҳамзамон тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ байни сокинони деҳот ба роҳ монда шуд. Дар рафти мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ изҳори ақида намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки баҳри ҳимояи худ ва наздиконашон тавсияҳои мутахассисони соҳаро ҷиддан риоя намоянд. Ҳамзамон, дар рафти мулоқотҳои мазкур ҷиҳати иштироки оммаи халқ ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории онҳо дар рушду нумуи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, бобати саҳми беандозаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон ибрози ақида карда шуд.

Ҳамчунин, чунин мулоқоти судманд  бо кормандони  муассисаи томактабии № 15-и деҳот  роҳандозӣ гардида, ба кормандони он ботантана шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>