Ҷавонон ва интихобот

20200917_090732

Бо иштироки муовини раис, мудири шуъбаи кор бо занон Парвина Тошева, мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот Бурсибой Лутфуллоев,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ин масъала дар мулоқот бо устодон ва  донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр баррасӣ шуд.

          Аз ҷумла, ба ҳозирин  нуктаҳои асосии Қонуни  конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  муҳтавои сиёсати давлатии ҷавонон фаҳмонида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, дар ҳаёти сиёсии мамлакат бо мавқеи фаъолонаи ҷамъиятӣ иштирок намоянд, ба падидаҳои гароиш ба ақидаҳои ифротӣ муборизаи оштинопазир баранд.

          Иштирокчиёни мулоқот дастгирииашонро аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи  Давлати Тоҷикистон, ки такя ба ҷавонон дорад, изҳор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>