ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

01

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аъзову пешсафон ва фаъолону собиқадорони ҲХДТ  баргузор гардид.

Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён ҷаласаи Ситоди вилоятиро ифтитоҳ бахшида кайд намуд, ки  ҷаласаи навбатии Ситоди пешазинтихоботӣ бо таассурот аз  сафари навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки ба муносибати ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷараён гирифт баргузор мегардад. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки дар қатори даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим, дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби Раиси муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии ҷавобгӯ ба талаботи замон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи Раиси ҳизб бори дигар  барои мо ҳизбиён нерӯву илҳоми нав бахшид, то баҳри тадбиқи ҳаматарафаи ҳадаф ва ғояҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб ҷаҳду талош намоем.  Хушбахтона фазои сиёсӣ дар вилоят хуб буда, мардуми меҳнатқарину ватандӯстӣ вилоят аз ин амалҳои бунёдкорона илҳоми тоза гирифта, бо шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва оромиву осудагӣ баҳри сазовор баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

    Боиси ифтихор ва сарбаландии мо-ҳизбиёну мардуми шарифи кишвар аст, ки дар Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ аз ҷониби вакилон якдилона номзадии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Инчунин мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои тарғиботӣ дар асоси қарори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар назди кумитаи иҷроияи вилоят Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва  чунин Ситодҳо дар назди ҳамаи кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо низ ташкил карда  шуданд.

Дар  ифтитоҳи ҷаласаи Ситоди вилоятӣ Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён Шаҳодатномаи шахсони боэътимоди номзади арзандаи  ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне ректори ДХХ ба номи академик Б. Ғафуров профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДҲБСТ профессор Шарифзода Мӯъмин Машокир ва ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дотсент Муаззамхон Ансорӣ, ки  тибқи қарори Кумитаи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ботантана супорид.

Инчунин дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ , масъалаҳои тасдиқи нақшаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд ва  ҷадвали вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ, шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  аъзои Ситоди вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима   қарор гирифтанд.

Дар интиҳо, Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён ба фаъолияти минбаъдаи шахсони боэътимод ва аъзо гурӯҳи тарғиботии вилоят барору  комёбиҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>