ИНТИХОБОТ — МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

IMG_4442

Имрӯз дар толори калони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки Мусоева Рафиқа Ғаниевна- ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, ҷавонон, занон, собиқадорон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саросар рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, баргузор гардид.
Дар рафти баргузории мулоқот Рафиқа Мусоева, ки худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамсафи Пешвои муаззами миллат гардида, аз рӯзҳои мутҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва то имрӯзи осоишта суханронӣ намуда, заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли толор як-як ёдрас намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>