Аксияи тарғиботӣ оиди маъракаи интихоботӣ ва пешгирии вируси Коронавус

20200918_112255

Аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ  дар байни сокинони ноҳия  аксияи тарғиботӣ баргузор карда шуд. Дар аксия ихтиёриён маводҳои пешазинтихоботиро ба сокинон тақсим намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябр баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи хеш райъи худро диҳанд.

Ҳамзамон  бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сирояти Коронавирус ихтиёриён дар байни роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд. Зимни бурдани корҳои тарғиботӣ қайд гардид, ки ҳар яки моро мебояд баҳри аз байн бурдани ҳар гуна бемориҳо бо сокинони маҳал корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда, дар беҳдошти саломатии сокинон нақши муассир гузорем.

Аксҳо аз ҷараёни аксия

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>