Вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар маҳалла

PANO_20200917_164051

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар маҳаллаи якуми Маркази шаҳр вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир намуд. Дар он Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи кор бо занон Муяссар Раҳимова ва раиси маҳалла Роҳатой Раҳимова иштирок доштанд.

      Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, дар атрофи иҷроиши Барнома, дастовардҳои даврони роҳбарии номзад ибрози сухан намуд.

     Дар интиҳои вохӯрӣ интихобкунандагон бовар кунониданд, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар маъраки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи хеш раъйи худро медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>