Саноатчиён ҷонибдори сиёсати давлат

изображение_viber_2020-09-18_10-03-34

Дар асоси нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони корхонаи саноатии “Коргоҳи таъмири қатораҳои Маҳрам” мулоқот барпо карда шуд. Дар раванди мулоқот аз ҷониби муовини Раиси  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Шерматова Фирӯза бобати рушди устувори иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав ҷиҳати татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар, таъмини “Стротегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” афкори ақида намуд. Кормандони коргоҳ зимни мулоқот барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинон бо ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>