ИНТИХОБОТ ИРОДАИ СИЁСИИ ХАЛҚ АСТ!

119943001_686254388905529_1738293520143103168_n

Имрӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори калони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Мусоева Рафиқа Ғаниевна- ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликиломӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва сокинони кумитаи маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби меҳмонон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, қайд гардид, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>