ТАБЛИҒОТ ДАР МАДДИ АВВАЛ

19-1 - копия

Бо мақсади шаффофу демократӣ ва дар сатҳи шоиста  баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғии Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, зиёиён, занон, ҷавонон, Шӯрои собиқадорон, зеҳн, афкор дар маҷлисгоҳи “Насими Исфара” ҷаласаи  ситоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. 

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёвадинзода  дар бораи густариши фаъолияти аъзои гурӯҳҳои тарғибӣ, тарзу услубҳои нави корбарӣ бо электоратҳо изҳори андеша карда, зикр намуд, ки ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар фазои баъди ташрифи Раиси муаззами ҳизб,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардуми кишвар руҳияи ободкориву бунёдкориро бори дигар тараннум намуд, доир шуда истодааст.

Боиси сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат бо баробари ба истифода пешниҳод намудани даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави замонавии ҷавобгӯ ба талаботи замон  ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро ифтитоҳ намуданд.

Ин ғамхорӣ ва таваҷӯҳи хосаи Раиси ҳизб ба мо ҳизбиён руҳу илҳоми тоза бахшид, то баҳри татбиқи ҳадафҳо ва ғояҳои ободкоронаи ҳизбамон ҷаҳду талоши бештар намоем. Хушбахтона фазои сиёсӣ чӣ дар вилоят ва чӣ дар шаҳру деҳоти Исфара хуб буда, мардуми шарифи шаҳрамон аз амалҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар сафарҳои корӣ хеле руҳбаланд гардиданд ва шукгузор аз суботи сиёсӣ, оромиву осудагӣ, баҳри сазовор баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамчунин боиси ифтихор ва сарбаландии мо ҳизбиён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии ҲХДТ бори дигар номзадии Пешвои муаззами миллатро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Анҷуман пешниҳод гардиданд.

Аъзои фаъоли раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ва мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой  Аҳмадов оиди ҳадаф ва мақсадҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти саҳеҳ пешниҳод карданд. Аз ҷумла, изҳори андеша шуд, ки Кору пайкорӣ номзади шоиставу писандидаи ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмсомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таҳиягари пояҳои ҳуқуқи ин миллат, эҳёкунандаи арзишҳои фарҳангиву динӣ, посдори номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо ҳарфҳои заррин ба саҳнаи таърихи муосири тоҷикон абадулдаҳр сабт гардид.

Ин ном дар се даҳсолаи охир саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи варзидаи сиёсӣ эътирофу маҳбубияти хоса пайдо кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳу ваҳдат ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли низоҳо эътироф карда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дод.

Барномаи ҳафтсолаи Президенти кишвар тавассути паёмҳои ҳарсола такмилу густариш ёфта, пурра ба иҷро расиданд ва Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, саҳифаи дурахшоне дар таърихи давлатдории муосир боз намуд.

Дар 28 соли давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, номзади арзандаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як давлати ободу озод, воқеан, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд табдил ёфт.

Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи пешорӯ дар доираи дигаргуниҳои солҳои охир дар ҷаҳони муосир ва кишвар бо назардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳал ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии барнома таҳкими фарогирии ҳамаи самту соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Барномаи пешазинтихоботӣ заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, мукаммалу ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудааст. Бартарии он аз Барномаҳои номзадҳои ҳизбҳои сиёсии дигар дар фарогири ҳамаи ҷабҳаҳо ва воқеиву амалишаванда будани он аст.

 Аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Абдумуталиб Шарипов вазифаҳои таблиғотчиёнро вобаста ба инъикоси маракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгирӣ дар ҳимояи фазои иттилоотии кишвар муайяну мушаххас намуд.

Интихоботи пешорӯ давраи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёну арзанда, давраи бунёдкориву созандагӣ ва рӯзҳои тантанаи адолати воқеии давлату давлатдорӣ бо андешаву афкори номзади шоиставу писандидаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Боиси сарфарозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ояндаи неку дурахшони давлати миллии  хешро бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>