МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ДЕҲАИ ЗООСУН

20200921_103936

Имрӯз дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид, ки дар он роҳбари ситод, раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Рӯзибой Раҳимзода, аъзоёни ситод – муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия Наврӯзбой Носиров, раиси ҷамоати деҳоти Айнӣ Субҳонзода Амир иштирок намуданд.

Раиси ситоди пешазинтихоботии КИН Р.Раҳимзода- доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, ҳамзамон атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзад аз ҲХДТ ва нақшаҳои минбаъдаи он дар 7 соли оянда маълумоти муфассал дод.

Қайд гардид, ки хусусияти Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ моҳияти ҷомеъ ва фарогир доштани он аст. Ҳизбҳои сиёсии дигар низ барномаҳои хуби худро пешниҳод намудаанд ва интихоб озод аст. Аммо аксари ҳизбҳои сиёсӣ ба пешрафти як соҳаи муайян таъкид менамоянд: яке ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дигаре ба рушди соҳаи ҳуқуқ, дигаре ба ислоҳоти иқтисодӣ ва ғайра. Аммо, хусусияти фарқкунандаи барномаи номзади ҲХДТ дар он аст, ки он аз ҷониби гурӯҳи калони мутахассисони сатҳи олии ҳамаи соҳаҳо таҳия шуда, ҳамзамон рушди тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад. Он як барномаи соҳавӣ нест, балки барномаи фарогири рушди кишвар аст. Дар идомаи вохӯрӣ аъзои ситод, муовини раиси ноҳия Г.Зокирзода, директори МТМУ №8

М. Содиқов суханронӣ намуда, атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ ибрози ақида намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ интихобкунандагон масъулинро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябр баргузор мешавад, фаъолона ширкат намуда, номзади арзанда худро интихоб менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>