Муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

изображение_viber_2020-09-21_12-13-58

Санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар толори коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров, беморхонаи марказии шаҳр ва Қасри фарҳанг бо ҷалби гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати Фозилзода Муродалӣ – Ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Осими Оқил – устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мулоқоти тарғиботӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар рафти мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ва аъзоёни гурӯҳи кории кумиҷроияи вилоятии ҳизб бобати хусусиятҳои барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таъкид карданд, ки дар барномаи пешазинтихоботии мазкур тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар ба назар гирифта шуда, дар ҳолати амалӣ шудани он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба марҳилаи нави рушди худ  бирасад.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот сокинон низ баромад намуда,  барои саволу дархостҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>