Омодагӣ ба интихобот

20200917_100931

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  бо дастури ситоди пешазинтихоботии ҳизб имрӯзҳо аз қитъаҳои интихоботӣ боздид ба амал меорад.

         Дар яке аз қитъаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-и шаҳр воқеъ аст, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо рафти омодагӣ ба интихобот шинос шуданд.

          Аъзоёни комиссияи участкавӣ рӯйхати интихобкунандагон, аз ҷумла беморон, муҳоҷирон, онҳое, ки бори нахуст овоз медиҳанд ,таҳия намуда, ҳуҷраҳои овоздиҳиро  тибқи талабот муҷаҳҳаз намудаанд. Дар қитъаи овоздиҳи навбатдорӣ ташкил шуда, ҳамаи маводҳои зарурӣ омода карда шудаанд.

          Ҳамчунин дар ҳудудӣ қитъаи интихоботӣ корҳои тарғиботӣ оид ба мақсаду мӯҳтавои интихобот, рӯз ва ҷои овоздиҳӣ роҳандозӣ шудааст. Суҳбат бо чанде аз сокинони маҳалла собит намуд, ки онҳо аз рӯз, ҷои баргузорӣ ва номзадҳо ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб огоҳанд.

          Чунин боздиду мулоқотҳо давр дигар уитъаҳои интихоботӣ аз ҷониби гурӯҳи таоғиботии Кумитаи иҷроия идома дорад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>