Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

20200921_101055

Имрӯз аз тарафи гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз  Комилӣ И – директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Мирмуллоев Н — муттахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,Қодирӣ Р – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон,  Азимов А- устоди ДИС ДТТ,  дар ЛКСК-и ноҳия бо устодону донишҷӯён ва дар маҳаллаи Бофанда бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур мулоқоту  вохӯрӣ  оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии       Тоҷикистон гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ аз тарафи гуруҳи корӣ чор нафар баромад намуда, мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои интихобкунандагон фаҳмонида шуд.  Ва аз тарафи иштирокчиён низ таклифу пешниҳодҳо гуфта шуда, ҳама бо як овоз таъкид намуданд, ки мо дастҷамъона овози худро барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хоҳем дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>