Мулоқот бо интихоботкунандагон

20200921_140851

Гурўҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ бо сарварии раиси ситоди шаҳрии пешазинтихоботӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, дар ҳайати мудири кафедраи таърихи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Салоҳиддин Исроилов ва роҳбари дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода ҷиҳати ташвиқи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи мулоқотҳоро дар ҷамоатҳои деҳот оғоз намуд.

Интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Чинор ва Хурмӣ ба ин мулоқотҳо бо шавқи зиёд ҷамъ омаданд. Мурод Шукурзода дар оғоз ҳозиринро бо қарори Анҷумани ҲХДТ дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуд.

Турдибой Солеҳзода ба интихобкунандагон нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки ин барнома ҷузъи таркибии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, рушди ҳама соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишаварамонро дар ҳафт соли минбаъда, дар заминаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳое, ки идома доранд, пешбинӣ менамояд ва мақсаду мӯҳтавои он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ба давлати рушдёфта табдил додани Ватани азизамон аст.

Раиси ҷамоати деҳоти Чинор Аҳмад Эсаниён, вакили маҷлиси шаҳрӣ Гулрухсор Комилова ва ва омӯзгори МТМУ № 31 Абдуманнон Ҷумъаев дар бораи хидматҳои арзандаи номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз интихобкунандагон даъват намуданд, ки дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории фарзанди фарзонаи миллат, бунёдгузор ва кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Мутобиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб чунин мулоқотҳо дар ҳама ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр баргузор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>