КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ИДОМА ДОРАНД

изображение_viber_2020-09-21_18-12-49

Дар ноҳияи Мастчоҳ ташвиқи густурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамудаи ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи тарғиботии кумиҷроияи вилоятии ҳизб идома дорад.

Субҳи имрӯз низ гуруҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рухсора Давлатзода бо кормандони Маркази ташхисию табобатии «Сино» вохӯрӣ доир намуда, оид ба муҳимтарин самтҳои Барномаи мазкур маълумот доданд.
Аъзои гуруҳ, олимони шинохта Киромиддин Мухторов, Ботурҷон Олимӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Барнома аз дастовардҳои 7 соли охир ва нақшаҳои минбаъдаи созандагӣ ёдоварӣ намуда, мардумро ба иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, даъват карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>