Вохӯриҳо идома доранд

119963122_387572965568097_3237099922526152804_o

Имрӯз дар қисми ҳарбии 3501 дар шаҳри Истиқлол вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Фаридун Ҳодибоев ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» Абдувализода Фарҳод бо афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ тарғиботчиён оид ба дастоварду пешравиҳо дар кишвар, пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум, ки бо талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишварамон, махсусан бо хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд суҳбат намуданд. Дар рафти вохӯриҳо ҳамчунин доир ба пешрафти соҳаи ҷавонон ва аҳамият ба ин табақаи бузурги ҷомеа, инчунин оид ба тадбирҳои андешидашуда бобати таҳсилу таълими ҷавонон тарғиботчиён баромад намуданд.

Ҳамзамон тарғиботчиён оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода, бо ифтихор, эътимод ва бо итминон таъкид доштанд, ки номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзандаанд ва ояндаи дурахшони кишвар бо фаъолияти оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ногусастанӣ дорад. Вобаста ба ин даъват карда шуд, ки ба номзади арзанда овоз диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>