ҲАР ЧӢ ДОНАД МАЗАИ ҚАНДУ НАБОТ

16-уми сентябри соли равон яке аз зиштрӯйтарин хиёнатпешагони миллат, собиқ раиси Ҳизби экстремистию террористии наҳзат, раҳбари эътирофнагаштаи ба ном “Паймони миллӣ”-и хоини миллат М. Кабирӣ дар форуми озодандешон, ки дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид, баромади муғризона кардааст. Кабирии оқиватан дар баромадаш вазъи кунунии сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар замони паҳншавии вируси корона аз нигоҳи фосиқаш баҳогузорӣ карда, нисбат ба интихоботи дарпешистода баёни фикр кардааст. Баъди баромади беақлонаву бешууронааш ба чанд саволи тайёршуда ҷавоб ҳам додааст.

Аз ҷумла ба саволи таҳқиқотчӣ Себастьян Пейруза, ки гӯё агар партияаш рафту иҷозаи иштирок ба интихоботи дарпешистодаи моҳи октябрро мегирифт, чӣ корҳоеро ба анҷом мерасонад, чунин ҷавоб додаст: — Агар мо ҳозир дар Тоҷикистон мебудем, байкот эълон мекардем. Кадом байкот, эй лаини ватанфурӯши касиф! Бешармию худсарӣ ва хиёнатпешагиро бинед, ки Кабирии ношукр ба ҷойи тавба кардан нисбат ба ватану номзадҳои арзандааш зиёдаравиҳои нобахшиданиро раво дидааст… Ҳамаи ин рафторҳои кӯрнамаконаи Кабирӣ дарак аз он медиҳад, ки ӯву дигар думравони нохалафаш дигарбора роҳи баргашт ба ватанро наёфта, гумроҳона дар ҳар лаҳзаи барояшон қулай ба бадномкунии Тоҷикистони соҳибистиқлол миён баста, забон як кардаанд. Оё баъди чунин зиддияту фурӯхтанҳо ва ба қадри аслии меҳан норасиданҳо Кабирии нонзадаю хоин ҳуқуқ дорад, ки дубора номи Тоҷикистонро ба забон ораду дар фикри бозгаштан ба ин хоки муқаддас бошад? Ҳаргиз ва ҳаргиз на ва боз на…

Шавкати МАВЛОН.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>