Вохӯрӣ бо омӯзгорони ҷавон

120041099_387583365567057_4475207672321955837_o

Имрӯз дар толори МТМУ №3 шаҳри Истиқлол вохӯрӣ бо омӯзгорони ҷавон ва хатмкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр М.Ниёззода доир ба пешрафти соҳаи маориф дар кишвар, дастгирии соҳаи ҷавонон, аҳамияти аввалиндараҷа ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки имрӯз барои ҷавонони боистеъдод ва соҳибкасб ва умуман барои ҷавонон дар кишвари азизамон Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бояд ҷавонон дар ҷавоб ба чунин дастгириҳо барои ояндаи дурахшони Ватанамон сарбаландона фаъолият намоянд.

Ҳамзамон М.Ниёззода оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода аз иштирокчиён даъват намуд, ки дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад фаъолонаи ширкат варзида ба номзади арзанда овоз диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>