Дар лонаи гандида тухм ағза аст

Инсон офаридаи беҳтарини Худованд аст ва ҳангоми дар қайди ҳаёт будан ин офарида дар миёни ду роҳ имтиҳон карда мешавад, ки ин роҳи неку бад аст. Бо интихоби ин роҳ инсон ояндаи на як худаш балки фарзандонаш ва аҳли пайвандонашро метавонад муайян намояд.

Чанде пеш роҳбари ташкилоти экстремистии Паймони миллӣ Кабирӣ тарғиби суханронии муғризона ва бардурӯғи худро тариқи шабакаи хеш дар кадом донишкадаи Амрико тариқи онлайн расонаӣ карда, доир ба вазъи имрӯзаи кишвари мо маълумот додааст, ки беасос мебошад.

Ман танҳо яке аз мазмунҳои ин суҳбаташро мехостам шарҳ диҳам ва бардурӯғ будани онро собит намоям. Дар ин суханронӣ қайд карда шудааст, ки “ Мо фикр кардем, ки ниёзи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо амният ва ҳифзи сулҳи ба дастомада ба ҳар қимат мебошад. Ҳатто, ба қимати аз даст додани озодӣ ва ҳуқуқҳо. Дар охир ҳам суботу амниятро аз даст додем ва ҳам озодиву ҳуқуқҳоямонро.” Ин гуфтори Кабирӣ сирф дуруғ ҳаст ва ҳатто кӯдаки ноболиғ бовар намекунад. Чуноне ки мо медонем айни замон дар кишварамон амнияту субот пойдор аст ва ҳар шаҳрванд метавонад инро собитшуда гӯяд. Ҳатто аз ин қабил ба сулҳи мо садҳо сиёсатшиносон баҳои хуб додаанд. Магар имрӯз касе дар ҷанг ё нооромӣ қарор дорад? Албатта не! Оддитарин шаҳванд аз он меболад, ки фазои кишвар ором аст, ки ин беҳтарин неъмат мебошад. Мо шукрона, ки 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои осудагӣ ҷашн мегирем ва таманнои 100 солагии таҷлили ин Ҷашни муқаддасро дорем. Чӣ расад ба Кабирӣ, ки имрӯз аз ин арзиши мо ҳарф мезанад ва ҳатто гуфтан шояд, ки ӯ барои мо бегона аст.

Сари дигар масъала мегузарем, ки чаро суҳбати Кабирӣ аз Амрико сурат гирифтааст. Сӯҳбаташ сар то ба гуфти худаш демукросӣ ҳасту аз ин арзиш ҳифозат мекунад. Лек намедонад, ки дигар барномаҳои давлатҳои Бузург ӯро ба ҳайси раиси ҳизби дини ба худашон бегона мешиносанд ва аз думликкониҳояш бохабаранд. Бузургони мо низ гуфтаанд, ки ҳар, ки ба худ вафо накард ба дигарон асло накунад. Ин тоифаро дар ягон асру замон эҳтиром накардаанд ва намекунанд ҳам. Гап дар сари он аст, ки Кабирӣ ба андешаи худаш ҳамон “ӯстод” Кабирӣ ҳаст. Аммо Кабирӣ ҳангома сохтанро истифода намуда, аз мавқеи худ ҳарф мезанад, ки дурӯғи маҳз аст.

Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконашонро оҳиста-оҳиста кишварҳои Аврупо бурун хоҳанд кард, зеро аз кирдорҳои ин нохалафон ҳамонҳоям мехоҳанд аз хатар берун монанд. Чун қадами номубораки Маҳмуд гар ба дарё расад барорад дуд дар боби Кабиринусхаҳо мезебад.

Мо истиқлолиён фаъолияти Паймони миллӣ, Ислоҳ-ТВ, наҳзатиҳо, ва ҳама ҳаммаслакони Кабириро пурра маҳкум менамоем ва ба насли наврасу ҷавон аз хиёнатҳои онон ба таври ҳамешагӣ ҳарф хоҳем зад. Агар Кабирӣ аз тори Осмон ҳам суҳбати онлайнӣ анҷом диҳад, ҳам ҳамон Кабирии экстремист асту халос!Ана ҳамин аст, дар лонаи гандида тухм ағза мешавад.

А.Одинаев, омӯзгор

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>