НОМЗАДИ АРЗАНДА – ИНТИХОБИ МО!

DSC03401

 Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 21-уми сентябри соли равон дар деҳаҳои Ҳуҷистон, Бахмал (бинои МТМУ №50) ва деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод вохӯрии гурӯҳи таблиғотии назди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо роҳбарии шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботӣ, профессор,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тюраев Ҷамшедхон Аскарович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва собиқадори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Қарабоева Сабоҳат бо интихобкунандагон доир гардид.

Масъулин зимни вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон тариқи гушрас ва оммафаҳм расониданд.

Суратгузориш аз рафти вохӯриву мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотии назди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>