ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

120047622_3388725341171264_1239039025878122407_o
Дар доираи вохӯриву мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар остонаи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот ба мансаби президентӣ мувофиқи нақша – чорабини кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ нимаи дуюми санаи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Маркази саратоншиносии вилояти Суғд вохӯрии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди МДТ ДДХ Ҳасан Займетов бо ҷомеаи меҳнатии Марказ доир гардид.
Маликисломӣ Наим Муннавар зимни баромади хеш таъкид дошт, ки санаи 11 октябр дар кишварамон интихобот ба маснади президентӣ доир мешавад. Дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ санаи 3 сентябри соли равон дар Анҷумани 14 уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилон номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади президентӣ пешбарӣ намуданд. Дар бораи ин шахсияти таърихӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд, аммо он чи аён аст, ки мавсуф аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз ҳамеша кӯшиш бар он намуда истодаанд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу оромиш ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам намоянд. Расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кӯшишу ғайрат ва талошҳои пайдарҳами Президент кишвари мо аз бӯҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан гом ба сӯи пешрафту тараққиёт мениҳад. Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.
Абдуҳаким Шарипов зимни маърӯза баён дошт, ки Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ он ҳастанд, ки то ҳар шаҳрванди кишвар дорои худшиносиву худогоҳӣ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ ҳаст саҳмгузор бошанд. Дар умум бояд дарҷ кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем.
Дар баромади Займетов Ҳасан зикр шуд, ки Пешвои миллат бо таклифу иқдомҳои башардӯстонаи хеш ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ сайёраро бояд чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем. Махсусан ҳифзу нигаҳдошти неъмати бебаҳои табиат обро ҳифз кунему муқаддас дорем.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>