Корҳои тарғиботӣ идома доранд

IMG_20200922_105138

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба таблиғу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 22 сентябри соли равон дар кохи “Истиқлол”  бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ  роҳбари гурӯҳ, директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзода, собиқадорони ҲХДТ Ӯғулой Умаралиева ва Каромат Қосимова нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон маълумот доданд. Дар поёни вохӯрӣ интихобкунандагон бо иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, даъват карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>