ВОХӮРӢ БО СОКИНОН

IMG_6878

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан имрӯз вохӯрии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинон  ҷиҳати баррасии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ барпо гардид.

      Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил ҳусни оҳоз бахшиданд.  Дар вохӯрӣ Каримов Махкамбой — мухбир ва ровии идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд,  Саидов Фирдавс — мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,  Ҳотамӣ Аъзам – котиби масъули ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, Аҳророва Гулчеҳра – ноиби ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.

       Баромадкунандагон иштирокчиёнро бо самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ  Раҳмон шинос карданд.Инчунин омӯзгори    МТМУ  №40  Ҷаҳонгир  Махкамов,  мудири шӯъбаи хадамоти муҳоҷират  Фирдавс Ҳакимов,  раиси Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова ва собиқадори ҲХДТ М. Мухторова  баромад намуда,  зикр намуданд,  ки  ҷонибдорӣ аз барномаи ҲХДТ ва ҷонибдорӣ  аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат  мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>