ҶОНИБДОРӢ АЗ НОМЗАДИ ҲХДТ — ҶОНИБДОРӢ АЗ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР ВА ПЕШРАФТИ ҲАМЕШАГӢ

Дар идомаи вохӯриҳои худ гуруҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Оббурдон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрии имрӯза, ки таҳти роҳбарии муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рухсора Давлатзода дар Қасри фарҳанги ба номи Ислом Саломов баргузор шуд, аъзои гуруҳ Ботурҷон Олимов, Киромиддин Мухторов ва раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Дилшод Зокиров Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамудаи ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, бартарият ва заминаҳои амалишавии онро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки яке аз хусусияти Барномаи мазкур моҳияти амалӣ ва озмудашуда доштани он аст. Яъне ин Барнома на дар ҷойи холӣ, на дар асоси мутолиаи чанд сайту китоб, на дар асоси орзуву хаёл, балки дар асоси таҷрибаи амалии давлатдорӣ таҳия шудааст.
Дар идомаи вохӯрӣ шоири шинохта Усмон Олим, имомхатиби деҳаи Пастиғав Саидмирзо Мухторов ба музокира баромада, мардумро ба иштироки фаъолона дар интихобот ва овоз додан ба ҷонибдории номзади арзанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд.
Добавить комментарий