Мо –ҷонибдори Пешвои миллатем

Ҳамин буд мӯҳтавои ибрози назари интихобкунандагон дар мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент.
Дар ин мулоқотҳо, ки тибқи нақшаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ баргузор мешавад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, мутахассиси пешбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров, декани факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Салоҳиддин Исроилов нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз ҷумла, аз корҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ,ки дар мамлакат, дар ҳафт соли гузашта бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд, ёдрас шуданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба ин мансаби олии давлатӣ самтҳои асосии рушди Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда дар заминаи таҳлилҳо ва ояндабинии илмӣ муайян гардида, амалӣ намудани тарҳҳои бузурге дар соҳаҳои саноат, нақлиёт,, кишоварзӣ, идомаи ислоҳот дар соҳаҳои маориф, тиб, то ду баробар афзун намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар ин замина то ба 18 дарсад поин бурдани сатҳи камбизоатӣ, ба 45 дарсад расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
Добавить комментарий