Интихоби мо номзади арзанда

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , дар “Гулбоғ”-и Хоҷагии об ва деҳаи Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Шаҳристон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Масъулин зимни вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои солҳои 2021-2027 зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба интихобкунандагон ба тарзи оммафаҳм расониданд.
Добавить комментарий