РОҲИ ДУРУСТИ ОЯНДАИ ХЕШРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ! ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИФТИХОРИ НОҲИЯИ АШТ

IMG_3526

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  санаи 24.09.2020 сол дар бинои Ҷамоати деҳоти Ифтихор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Қирққудуқ ва толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и  Ҷамоати деҳоти Ифтихор мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд. Гурӯҳи таблиғотии назди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо роҳбарии шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, профессор-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир, аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ Каримзода Хушнуд Каримӣ-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт,  устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тюраев Ҷамшед Аскарович, Шукуров Фарҳодҷон ва собиқадори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Қарабоева Сабоҳат иштирок намуданд.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ  оғоз намуда, зикр кард, ки  ҳадафмандиву принсипнокӣ дар кори роҳбарӣ ва муҳаббати поку манфиатхоҳ нисбати халқу миллат, Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар қалби сокинони миллат маҳбуб гардонид ва ҳамин эҳсоси покӣ доштан ба Ватан,  Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзадаву ғариб ба як кишвари дорои зиндагии шоиста расонид.

Сипас суханро ба шахси боэътимод, роҳбари гурӯҳи таблиғотии Ситоди марказии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир дод.

Зимни вохӯрӣ Шарифзода Мӯмин Машокир дар  баромади худ оиди мӯҳтавои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии  кишвар, чи гуна дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ  корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ мондан,  аз ҷумлаи бунёди мактабу беморхонаҳо, китобхонаву осорхонаҳо, биноҳои баландошёна, корҳонаҳои саноатӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар корҳои созандагӣ  гувоҳи гуфтаҳои болоянд, ки дар ин самт маҳз дастгириву пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ хеле бузург аст.

         Инчунин аъзоёни гурӯҳ Тюраев Ҷамшедхон,  Шукуров Фарҳодҷон ва Қарабоева Сабоҳат оиди мӯҳтавои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, вусъат додани таҷрибаи ҳамзистии дӯстона бо халқҳои Осиёи Марказӣ, густариши бешатри муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг ва технологияҳои нав суханронӣ намуданд. Ва аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки   имрӯз ҳар яки моро мебояд дар баробари ҳама тазодҳову бадбиниҳои гурӯҳҳои мухолиф, таҳлилу хулосабарориҳо намуда, аз Пешвои миллат олитарин сифатҳои инсониро омӯзем ва  ба ин хотир ҳар яки моро мебояд, ки ба хотири ҳифзу нигоҳдории истиқлолият ва дастовардҳои он ва барои рушди усувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, ба наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо мерос гузоштан ба номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон райъи худро диҳем.

        

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>