Идомаи мулоқоту вохӯриҳои дар ноҳияи Ашт

IMG_3264

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бинои Ҷамоати деҳоти Ошоба, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и деҳаи Марҳамат ва толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Хуҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба  мулоқоту вохӯриҳо барпо намуданд. Гурӯҳи таблиғотии назди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо роҳбарии шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, профессор-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир, аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ Каримзода Хушнуд Каримӣ-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт,  устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тюраев Ҷамшед Аскарович ва Хоҷаназарова Мақсуда, собиқадори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Қарабоева Сабоҳат баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагон мӯҳтавои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, таъсис додани ҷойҳои корӣ, сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, вусъат гирифтани раванди созандагӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар пойдории Сулҳу Ваҳдат ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро ба интихобкунандагон тариқи оммафаҳм расониданд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Ошоба низ солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда, аз далериву хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон устуворона қадам ниҳод, мардуми парокандаашро, дар як муддати кӯтоҳ  сарҷамъ намуд, Сулҳи деринтизорро дар кишвар барқарор кард, Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву осудагиро дар мамлакат пойдор  гардонид,  миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат мущтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд. Ҳамзамон қайд карданд, ки санаи 11 октябри соли равон дар интихобот фаъолона иштирок намуда, барои ояндаи давлату миллати азизамон Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.

         Суратгузориш аз рафти вохӯриву мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотии назди Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>