Дар Сӯҷина ва Косатарош

20200923_092702

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  бо интихобкунандагон  дар ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

         Роҳбари гурӯҳ- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар оғоз  ҳозиринро бо қарори  Анҷумани ҲХДТ дар бораи ба мансаби  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос карда, афзуд, ки  дар солҳои истиқлоли кишвар бо раҳнамоии Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳое ноил шуд, ки  ҳоло мо аз онҳо бо ифтихор ёд мекунем. Таъмини сулҳу салоҳ дар ҷомеа, бунёдгузорӣ ба давлатдории навини тоҷикон, эътирофи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, эъмори даҳҳо иншооти бузург, муҳимтар аз ин ба маротиб баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошад.

          Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ- мутахассиси пешбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров, декани факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Салоҳиддин Исроилов ба интихобкунандагон аз самтҳои рушди иҷтисод ва иҷтимоиёти мамлакат дар ҳафт соли оянда, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст нақл карда, ёдрас намуданд,ки иҷрои ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки дар ҳафт соли минбаъда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад, ҳадафҳои стратегии мамлакат ба тадриҷ амалӣ шаванд ва вазъи соҳаи иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

          Интихобкунандагон ҷонибдориашонро аз номзади ҲХДТ ба ин мансаби олии давлатӣ бо камоли майл баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>