ҲИЗБИЁН ДАР ИНТИХОБОТ МАВҚЕИ НАЗАРРАС БОЯД ДОШТА БОШАНД

Fotoram.io (17)

Дар асоси нақша — чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  нимаи дуюми санаи 24 сентябр дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Баширхонович Исҳоқӣ ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи таълимӣ доир гардид.

               Дар вохӯрӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Файзизода Исмоил Назрӣ раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ, Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.

                Баромадкунандагон  зикр доштанд, ки   имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Чунин ифтихорро бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа соҳиб бошад. Давлатсозиву таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром ҷараён дорад. Яъне, миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад. Интихоботи навбатӣ, ки марҳилаи нави рушди кишварро муайяну мушаххас мекунад аз ҳар яки мо ҳушёриву дақиқсанҷиро тақозо мекунад. Мо бо интихоби Пешвои муаззами миллат фардои дурахшони худро таъмин хоҳем кард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмини зиндагии шоиста ба мардум ташкил медиҳад.  Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>