ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

изображение_viber_2020-09-25_14-43-30

Дар қасри фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вобаста ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ ҳамоиши ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи ояндасози миллатанд”  баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  ва шахсони боътимоди номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ ва ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шарифзода Мӯъмин Машокир  ва ҷавонони фаъоли ташкилот аз шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Чорабиниро Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки санаи 11 –уми октяри соли равон маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ширкат ва интихоби  мову Шумо барои рушди минбаъда ва босуботи мамлакат нақши ҳалкунанда дорад. Хушбахтона Анҷумани 14-уми ҲХДТ номзадии Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи мамлакат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Шахсият, фаъолият, хидматҳо ва кору пайкори Пешвои миллат дар рушди босуботи кишвар барои мову Шумо комилан рӯшан аст. Мусаллам аст, ки обрӯву нуфузи ҳар як ҳизби сиёсӣ ба обрӯю эҳтироми роҳбари он иртиботи қавӣ дорад ва ҳизби сиёсиро пеш аз ҳама аз рӯи кору амали сарвари он мардум мешиносанд ва баҳо медиҳанд. Вобаста ба ин, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст, ки сурат гирифтани чунин вохӯрии имрӯза аз тадбирҳои мазкур дарак медиҳад.

Дар баромади Сатториён Матлубахон Амонзода қайд шуд, ки ки боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд. Моро зарур аст, ки ин нерӯи ояндасозро бар нафъи халқу миллат равона намоем. Бояд ҷавонони фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” чун тӯдакаш ва сорбони ҳамсафони хеш бошанд.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ зимни маърӯзаи худ ишора бар он намуд, ки дастгириҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон бояд ҳар як нафари насли худогоҳро ба масъулиятшиносиву салоҳиятнокӣ талқин намояд. Махсусан эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷодаҳои навро барои навовариҳо кушода намуд. Дар ин росто ҷавонони ҳизбӣ, ки аксаран донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, бояд ҳар як фурсатро ғанимат шуморанд.

Шарифзода Муъмин Машокир аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи иқтисод ҳарф зада, зикр намуд, ки  дар ин марҳилаи дурахшони таърихӣ дар партави сиёсати оқилонаву дурбинона ва ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ, тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан иқтисодиёт, афзалияти бештар додан ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ноил гардидан ба озодии комили сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва дар умум, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат корҳои бузург ба анҷом расида, қадамҳои устувор гузошта шуданд ва роҳи ба даҳсолаҳо баробар паси сар гардид.

Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд матни изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» — ро ҷиҳати дастгирии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши аҳли ҳозирин  намуд.

Бо ҳамин ҳамоиши ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и вилояти Суғд анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>