АБАРМАРДИ САРНАВИШТСОЗИ ТОҶИК

изображение_viber_2020-09-26_09-09-21
Таърихи халқи тоҷик ва таърихи қавмҳои дигар гувоҳ бар ин аст, ки таҳаввулоти бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ, дар тафаккуру андешаи миллӣ, дар фарҳанги зиндагӣ ва дар зеҳну шуури афроди ҷомеъа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродати сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, пайвастагии тому тамом дорад. Дар ин радиф ду ҷиҳати масъалаи мубрами вобаста ба шахсият ва таърихро қайд кардан бамаврид аст. Аввалан, дар шахсият ва ҷаҳони маънавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои милливу мардумӣ ва эҳсоси ворисияти таърихӣ як хосияти фитрӣ мебошад. Зеро дар зеҳну сиришти ў ҳадди шинохти худу ҷаҳон бар маънои ин муқаддасот ва масъулият дар баробари номуси миллӣ ва ватандорӣ парваришу камол ёфтааст. Сониян, миллати тоҷик ва тамаддуни ҷаҳоншумули он дар фазои таърихи панҷҳазорсолаи худ дар канори пурбаракоташ фарзонагону абармардоне мепарварид, ки дар ҳама давру замон бо ҳимматбаландӣ барои дифоъ аз марзу бум, забону фарҳанг ва номуси миллӣ қадам мезаданд, бо иқтидори ақлу заковати хеш ба арзишҳои бунёдии миллӣ умри дубора мебахшиданд, таърихи миллатро бо шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳонӣ пайванди тоза мезаданд.
Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурѓановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, роҳи имрўзу фардоро чун машъали фурўзон нурфишонӣ мекунанд. Дар ин ҷода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад. Аз ҷиҳати мустаҳкам шудани истиқлолият ва пояҳои давлатдории тоҷикон ва рушду нумўъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дар таърихи навини халқи тоҷик дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва амалҳои бунёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои сарнавиштсози тоҷикон аст. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрўз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ҷой гирифта, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътирофи ҳамин гуфтаҳои болост.
Эмомалӣ Раҳмон замоне дар вазифаи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба остонаи сиёсати сатҳи баланд қадам гузошт, ки мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашни 20-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги Арбоб гуфта буд, ки «…Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт гардидааст».
Дар ҳақиқат, хизмати аз ҳама бузурги Иҷлосия дар назди таърих он аст, ки мамлакати моро дар як давраи ҳассоси таърихӣ аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Вай саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон кушода, оғози воқеии раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллиро асос гузошт. Дар ҳамин маврид зикр намудан ҷоиз аст, ки вакилони мардумӣ дар интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ ақлу заковати баланд зоҳир карданд ва фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро сарвари ҷумҳурии тозаистиқлол интихоб намуданд. Дар нахустин суханронии худ дар маснади Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба дилу ният ва маслаки худ, бо эътимод ба хиради мардум савганд ёд кард, савганди садоқат ба Ватану миллат, савганд ба дирўзу имрўзу фардои тоҷикон, ки чароѓашро афрўхта хоҳад дошт, бо ҷаҳондории муносиб ба ҷадди аълои миллати хеш ба сарманзили мақсуд ҳидоят хоҳад кард, заврақи умедро ба соҳили мурод хоҳад расонид. Эътиборан аз ҳамон рўз тоҷикон бо ҳама саргузаштҳои дурахшони таърихӣ, бо ҳама дарду алам ва ормонҳояшон барои таҷдиди рўҳонияти миллӣ ва зиндагии босаодат дар шахсияти
Роҳбари нави давлат ҳомӣ, соҳиб ва пуштибони қудратманди худро пайдо карданд, балки эътиборан аз ҳамон рўз Эмомалӣ Раҳмон, ки ин рисолатро чун амри виҷдон ва амри таърих ба ҷон пазируфт ва бо эътиқод бар ин ҳақиқат, ки фақат шахсияте бо пойгоҳу чашмандози таърихӣ ва ҷаҳонӣ ва вораста аз тааллуқоти нафсу ҳаво қодир аст посухгўи ниёзҳои миллати бостонии тамаддунофарин бошад, ба корномаҳои зиндагисоз ва саодатбахш оѓоз ниҳод.
Дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмўъ 44 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардиданд, ки онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар нақши хеле бузург бозиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолият, ки давраи ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буд, ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош ва кўшишу заҳмати беандоза ба харҷ дод.
Аз рўи маълумотҳои расмӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи мамлакат зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА зарар расида, 157 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ ба шаҳодат расиданд. Музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама бо ташаббус ва саъю кўшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ, қатъ шудани амалиёти ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризоияти миллӣ шурўъ гардид. Он вақт масъалаи аз ҳама муҳим, ки дар назди роҳбарияти нави мамлакат меистод, ин ба ҷои муқимии худ баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барқарорсозии макону манзили харобгардидаи онҳо ва хомўш кардани оташи ҷанги дохилӣ буд. Зеро тўли солҳои 1992-1997 аз марзи Тоҷикистон беш аз як миллион нафар ватани аҷдодии худро иҷборан тарк карда буданд. Бо назардошти имконоти маҳдуди мамлакат роҳбарияти ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ёрӣ пурсид. Дар натиҷа, аз соли 1993 раванди бозгашти шаҳрвандон бо макони зисти доимии худ оғоз шуда, дар давоми ду сол анҷом ёфт.
Музокироти пурсамари байни тоҷикон, ки баҳри сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта буд, 27 июни соли 1997 ба поён расид. Дарвоқеъ, таҷрибаи он солҳо нишон медиҳад, ки сарвари мамлакати мо ба воқеият бо чашми хирад менигарист, орзуву омоли мардумро ба хубӣ дарк мекард ва аз ин хотир, бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатноки худ дар дили тоҷикистониён шўълаи умедро ба фардои дурахшон меафрўхт.
Таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун абармарди сарнавиштсоз бунёдгузори он аст, аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ пазируфта шуд. Дар ин солҳо Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пешрафти фарҳанги сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзанда гузоштааст.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерўманди худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумўъи мамлакат ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намудааст. Ин аст, ки дар ҷомеаи башарӣ «Пешвои асри XXI» ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудааст. Ба гуфти Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин «…Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишѓол менамояд. Ин тасодуфӣ нест. Тамоми кўшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбии нодир аст. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Иштирок ва суханрониҳои сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ далели обрў ва шхсияти ин марди бузург аст. Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷўёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дўсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳра, нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошад, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор дод ва бо хираду ҷасорати беназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллии демократӣ дар анҷумани кишварҳои дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуд.
Татбиқ ва тарвиҷи фарҳанги давлатдории Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои зиндагисози назариёти сиёсии ўст, ки имрўз ҳам дар кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва ҳам дар мамлакатҳои рў ба тараққӣ, ҳам дар мамлакатҳои исломӣ ва ҳам дар давлатҳое, ки низоми дунявиро ихтиёр кардаанд, пешвои миллати моро бо самимияту ихлос ва арҷгузорӣ ба матонати қавл ва ҷасорати амал, фарҳанги олии инсонӣ ва сиёсии ў пазироӣ мекунанд. Ин истиқболи ифтихорангез истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик аст, ки дар масири эҳёи мақоми ҷаҳонии хеш бо эътиқоди комил ба фикри саҳеҳу соиб ва барномаи фарогири пешвои муаззами худ, ки маѓз андар маѓз бо ѓоя ва ормонҳои саодати миллат сиришта шудаанд, бо шоистагӣ тасмим гирифтаанд. Ин аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар чун пешвои ормонии миллӣ маҳбубияти азим ва бесобиқа пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси пешвои воқеии тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллат эътибори бузурге касб намуд.
Роҳе, ки то расидан ба мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ ва сарбаландӣ паймуд, роҳи пур аз заҳмат буд. Тоҷикон бо ҳидояти ин фарзанди фарзонаи худ, фарзанде, ки бо ҷасорат ва садоқати беқиёс масъулияти дирўзу имрўз ва фардои миллатро бар дўш гирифта буд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бунёд ниҳоданд ва ҳама заминаҳо ва василаҳои рушди сиёсӣ ва маънавии онро фароҳам оварданд.
Бисту нӯҳ сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Сиёсати пешвои тоҷикон, ки бо чеҳра ва сиришти маънавии худ истиқболи ҷаҳонӣ пайдо кардааст, аслан истиқболи ҷаҳонии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Имрўз каломи Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин ва баландтарин минбарҳои ҷаҳон садои миллати тоҷик аст, ки дар фазои сиёсии ҷаҳон бо ѓуруру ифтихор, бо камоли шоистагӣ садо медиҳад. Бо ҳидояти ин шахсияти оламшумул миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худро эҳё намуд.
Р.Юлдошев
А.Аюбов
дотсентони кафедраи
таърихи умумӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>