Бо ифтихор интихоб мекунам

120196856_1193704924348268_9210605692019944031_o

Агар ба таърихи идораи давлатии мамолики ҷаҳон назар афканем нафароне сарварӣ намудаанд, ки лаёқати кордонии олӣ дошта, дар давраҳои душвор ва ҳассоси халқ бо халқ буданду барои расидан ба зиндагии гуворотар кӯшиш ба харҷ додаанд. Номи онҳо ба таври ҳамешагӣ дар дилу дидаҳои мардум боқӣ монда, дар авроқи таърихи ҳамон миллату халқ корномаҳо бо хати тиллоӣ сабт гардидаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар рӯйхати ин олитаборон сабт шудаанд, зеро ба бахти ин миллати кӯҳан-тоҷикон дар давраи душвору ҳассос ин абармард давлати пора пораро ба сарварӣ гирифт.

Давлатхоҳон ҳамон замон бисёр буданд, аммо барои сарҷамъ намудани мардум ва ба эътидол овардани вазъият қувваҳои бисёре чун диданд, ки душвор аст сари таассуф поён доштанд. Дар ҳақиқат душвор аст, зимоми давлатеро, ки дар дохили он ҷангу хуношомӣ ба вуҷуд омада, ҷиноят маъмулӣ гардидааст ба даст гирифтан, зеро муаммои якум бартараф намудани низоъ аст, ки бадбахтарин фоҷеа шинохта мешавад. Тамоми сафҳаи таърих ҷангро танҳо разолату касофату қаҳтиву нофармонбардорӣ ва бало ба ҷону моли инсон баҳо додааст! Ҷомеашинос Ф.Бин менависад, ки ҷанг орзу, мурод, хурсандӣ ва алалхусус идеяҳои бузургро барои пешрафти бузург нест мекунад. Дар ҳақиқат ҷанг паёмади бад дорад.

Аз рӯи ҳамин нуктаи назар-ватанхоҳӣ ва меҳанпарварӣ Пешвои миллат дар такя бо тоҷикон ва тоҷикистониёни бонангу номус сари масъалаи баҳамомадан ва ваҳдати миллӣ талошҳои ҷавонмардона кашида, алангаи ҷангро хомӯш намуданд. Ин нияти нек тавонист Ҷаноби Президенти маҳбуб Эмомалӣ Раҳмонро ба дили мардум ҷой кард!

Имрӯз вазъи ҷаҳонро дида истодаем ва мебинем, ки ҳатто дар кишвари ҳамсояи мо барои ба даст овардани сулҳ чи қадар азият кашида истода, ҷангу ҷадал то ҳол идома дорад ва дигар кишварҳо ҳам ба мо маълум. Мо Тоҷикистониён бояд даврони гузаштаи начандон дури хешро фаромӯш накарда, ба ҳадди солим барои ояндаи Тоҷикистон заҳмати беандоза кашем. Чун ман як сокини кӯчаки Тоҷикистон мехоҳам фарзанду набераву абераи ман дар кишвари озоду обод зисту таълим гиранд ва ояндаи дурахшони хешро созанд ва фикр мекунам, ки ин ояндабинии ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Тавре дар боло зикр кардам айни замон аз муаммо ва проблемаҳо, ки байни кишварҳо ва дохили бархе мамолик сар задаанд ва чун собиқа дасти сеюм коргир аст чун қоидаи асосӣ-пеш бояд рафт, амон бояд буд, эҳтиёт бояд кард заминагузор шудааст ва таъсири он дар ҳама ҷомеа расида, ки борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳушёр будани мардум ва бедории ҳисси ватандӯстии сокинон, алалхусус ҷавонон таъкидҳо намудаанд, ки бесабаб нест. Дар ин шароити душвор барои роҳбарии давлат таҷрибаи бузург роҳнишондиҳанда аст, ки фарзанди фарзонаи Халқ Эмомалӣ Раҳмон дорои ин нишонаи асосӣ мебошанд. Бо Халқ буданд дар давраи ҷонканиҳои мардум барои нон, барои осоиштагӣ ва барои расидан ба рӯзи нек! Проблемма нон буд, шояд барои наврасони ҳозира афсона намояд ва дар ин маврид волидайн бояд ба фарзандону пайвандон аз ин ҳама ҳарфи солим зананд.

Ман ҳамчун сокини ин марзу буми азиз-Тоҷикистон бо ифтихор Эмомалӣ Раҳмонро барои рушди ояндаи кишвар ва зиндагии шоиста ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамоям!

Ҷаноби Президенти муҳтарам ба пеш!!! Худо нигаҳбонатон!

М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>