Тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, қисмҳои 4-5 ХИЁНАТКОР БАХШИДА НАМЕШАВАД

120932282_211124433686816_5107800289250119788_n

Миллати кӯҳанбунёд ва мардуми боҷасорати тоҷик аз азал дорои хиради волои маънавию ватанпараству худогоҳ буду, то кунун ин рисолати азалии худро аз асли хеш дур накардааст. Ба он хотир, ки асослати мо ин ҳастии мост. Дар миллати мо адолати воқеӣ ва асолати воқеӣ буд, ки миллати моро имрӯз дар арсаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари тамаддунофар дар қарнҳо мешиносанду эътироф менамоянд.

Мо миллати сарбаланди тоҷик ҳанӯз дар давраҳои басо сангин барои миллатамон дар баробари душманон истода, барои пойдории кишвараи азизамон талошҳо варзида будем. Ва бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди хоинону ҷангҷӯён ғалаба намуда, сулҳро ҷонибдорӣ карда буданд.

Бояд зикр кард, ки ҳатто он замони пурталотум дар кишварамон, ки саркардаҳои он ҷанги хонумонсӯз ҳамин хиёнаткорони миллат, аъзо ва намояндагони ҳизби мазҳабфурӯш, ҲНИТ буданд. Имрӯз низ онҳо бо ҳар баҳонае ин миллату ин қавмро нодида гирифта, арзишҳои милливу маънавии халқи азизамонро пушти по заданианд. Таъкид менамоем, ки Истиқлолияти воқеӣ ва озодӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистони биҳиштосо побарҷост.

Имрӯз мо дар қисмҳои 4, 5-уми силсилафилмиҳо Хиёнатро тамошо намуда, ба ҳайрат меоем, ки наход инсон як шахси мусулмон ба корҳои сарбурӣ побурӣ гӯшу бинибурӣ қодир бошад. Саркардагон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ(дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба ин бесарусомонҳо сабабгори асосӣ буданд. Афсус, ки чунин инсонҳои хиёнаткорро модари тоҷик таваллуд кардааст. Дар ин филм шахсоне, ки баромад карданд ба монанди Суфи Ғозиев, Маҳмуд Исматов, Ҳайдар Шарифзода, Раҳматулло Абдуллоев воқеаҳое нақл мекарданд, ки нафратро нисбати ин иғвогарон зиед менамуд. Кори палидтарини онҳо гаравгонгирӣ буд.

Миллати тоҷик дарк кардааст. ки гунаҳкори асосии ин ҳама бесарусомониҳо саркардагон ва аъзоёни ҲНИТ(дар Тоҷикистон мамнӯъ) мебошанд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҳама корҳои разилонаи саркардагон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ – ро маҳкум мекунем.

Азобу шиканҷаи мардуми бегуноҳ ва кушташудани чандин нафарони соҳибилму фидоии, ки зану фарзандони онҳо бепадару бешавҳар мондаанд ва мардуми зиёде дар он рӯзҳо бехонаву бедар ва бесарпаноҳ монда аз тарафи Мухиддин Кабириву шарикони лаънатии ӯ чи азобу шиканчаҳое нисбати онҳо раво дидаанд баръало нишон дода шудааст.

Аз филми «Хиёнат» мо воқиф шудем, ки ҲНИТ натанҳо ҳизби экстремистию террористӣ, балки одамкуш ва фашистони ҳақиқӣ буданд. Бо суханҳои зиёд ҳам ваҳшонияти он аъзоёни ин ҳизби хиёнаткор тамом намешавад. Аз дасти ин разилон натанҳо мардону занон балки кӯдакону пиронсолон ҳам сахт азият кашидаанд. Ин хиёнаткоронро мардуми меҳнатқарини тоҷиказ хотир нахоҳад баровард. Ин гурӯхи хиёнаткорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарари калон расонида бошад ҳам аммо, мардуми тоҷик бозаҳмату талошҳои Пешвои худ рӯз аз рӯз тараққи дода, дар муддати кӯтоҳтарин дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи баландро соҳиб шуд. Ин қотилон барои манфиати шахсии худ хатто хориҷиёнро ба гарав гирифта, хостанд, ки аз дигар давлатҳо низ ба ивази шахрвандонашон маблағи муфтро ба даст оранд. Ин хоинон танҳо барои манфиати худ барои баронҳо барои ба даст овардани қудрат кор карда, мардуми бегуноҳро азобу шиканҷа додаанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон шукргузори аз даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон намуда, ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо бояд бирасем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>