ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ФАРЗОНАФАРЗАНДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

120966889_181535146796133_5283112637949843933_o

Рӯзи гузашта дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани ифтихори миллии шаҳрвандон, ошноӣ бо барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон бо иштироки гуруҳи тарғиботӣ-ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Ҷалолзода Миршакар Саид – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Ниёзова Раъно Маҷидовна – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, Диловар Ҷафаров – омӯзгори ҷавони муассисаи давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бо собиқадорон, ҷавонон ва ҷомеаи меҳнатии ин муассиса мулоқоти судманд баргузорт гардид.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон собит намуд, ки ҳақиқатан, Пешвои маҳбуби миллат бо фаъолияти сиёсии худ аз сабақҳои бузурги таърихӣ, ки ба сарнавишти халқ ва бунёди давлатдории миллиамон иртиботи қавӣ дорад, сарбаландона баромаданд. Оғози давраи нави давлатдории халқи тоҷик дар ибтидои асри бистум оғоз ёфта, то имрӯз бонизом идома дорад. Ин рӯзҳои офтобӣ, озодӣ, осоиштагӣ ва сарбаландӣ ба халқи тоҷик осон ба даст наомадааст. Дар ин роҳ хизмати Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии истиқлолияти давлатиамон беназир ва ибратомӯз буда, чунин саҳифаҳои таърих бо гузашти вақт барои халқи тоҷик, хусусан наслҳои оянда аҳамияти бузургро касб менамояд.

Инчунин, аз ҷониби масъулин Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дода шуд ва

доир ба ҳадафҳои барномавии номзад суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи шахсият ва корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>