СИЁСАТИ МУВАФАҚҚОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ

1

Силсиламулоқотҳо бо интихобкунандагон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бо иштироки раиси кумиҷроияи шаҳрии ХҲДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар, устодони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”  номзади илмҳои таърих Шавкат Шарипов ва номзади илмҳои педагогӣ Ҳасан Зайтметов бо интихобкунандагони  ҳудуди маҳаллаи Масҷиди Савр доир карда шуд.

Дар маърузаи Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзад ба маснади президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии мардум ташкил медиҳад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо номзад идомаи муваффаққонаи ҳадафҳои стратегии малакатро асоси фаъолияти худ медонад. Махсусан рушди саноат, ки бе татбиқи амалии се ҳадафи стратегӣ ғайримкон буд, таҳти таваҷҷуҳ қарор дорад. Бунёди корхонаҳои хурду бузург, ки ба коркарди маҳсулотҳои хоми ватанӣ нигаронида шудааст, ҳамзамон ба фаъолият шурӯъ намудани корҳонаҳои бозмонда, тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ дар кишвар, таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, бунёд намудани марказҳои логистикӣ ва ғайраҳо аз нақшаҳои амалии минбаъдаи номзад маҳсуб мешавад.

Устодони донишгоҳҳо зимни баромад зикр намуданд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.  Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда номзади мо идомаи татбиқи Барномаҳои давлатиро дар соҳаи маориф лозим шуморида,  дар самти бунёди азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозии кабинетҳои фаннӣ, суръатбахшии раванди компютеркунонӣ дар заминаи солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ, дастгирии кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмин кардани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусиро бар манфиати кор медонад.

Аҳли нишаст ҷонибдории худро аз сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, якдилона аҳд карданд, ки санаи 11 октябр ба ҷонибдории номзади арзанда овоз медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>