ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ТАҚВИЯТИ БЕШТАР МЕХОҲАД

120809588_349889766344753_1298314316127261109_n

Фаъолияти бомароми ташкилоти ибтидоӣ асоси пешрафти кумиҷроияҳои маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад чандест, ки дар асоси супориши роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрӣ гуруҳи корӣ аз дастгоҳи кумиҷроия фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро мавриди санҷиш қарор дода, барои пешрафти фаъолият маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Имрӯз сармутахассиси шуъбаи назорат ва ташкилии кумиҷроияи шаҳрӣ Исмоилҷон Латипов аз ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир”-и Раёсати Хадамотии муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дидан намуд. Мавсуфро муовини сардори Раёсат  Сайфуллозода Ҷамшедхон ҳамраҳӣ намуд. Аён гардид, ки ташкилоти мазкур соли 2014 таъсис ёфта, алҳол 32 нафар аъзоёнро сарҷамъ намудааст. Коргоҳ утоқи алоҳидаи ҳизбӣ дошта, дар он коргузорӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо раванди ҳуҷҷатгузорӣ давра ба давра тақсим карда нашудааст. Соатҳои сиёсӣ мунтасил баргузор шуда, рафти он дар пратоколҳо дӯхта шудаанд. Зимни азназаргузаронӣ қайд карда шуд, ки бояд дар самти ҷалби аъзо корҳо вусъат бахшида шавад. Муқоисакунии аъзоён низ беҳбудӣ мехоҳад. Дастур дода шуд, ки минбаъд вобаста ба ҷашну санаҳои таърихӣ соатҳои сиёсӣ бештар баргузор карда шавад, ҳамзамон дар самти ошноии муҳоҷирон бо ҳадаф ва Барномаи ҲХДТ  корҳо ҷоннок карда шавад.

Дар рафти азназаргузарони масъалаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ юозпурсӣ шуда, барои тақвияти он дастурҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>