Чинакчиёни пешқадам кадрдонӣ карда шуданд

20201004_115455

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Домуллоҷон Бобо»-и АИО «Чашма-2014» ташриф оварда, бо ҳашарчиёни “Ҳосил-2020” ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, иштироки фаъолонаи сокинон дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19, бобати риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ҳатмии ниқобҳои ҳимоявӣ мулоқот доир намуд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот ба чинакчиён маводҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тақдим карда шуд.

Дар охир чинакчиёни пешқадам барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, гузоштани ҳиссаи назаррас дар ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҳиссагузорӣ дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ бо тӯҳфаҳо ва сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>