Идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқоти дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

IMG_20201005_111836

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзоёни гурӯҳи корӣ Бобоева З.С., Фаттоев Ҳ.Ҳ.- устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Р. дар  толори  Ҷамоати деҳоти Деҳмой вохӯрӣ бо раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолзанон, собиқадорон ва сокинони Ҷамоат ҷараён гирифт.

Дар вохӯрӣ тарғиботчиён дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд. Қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стратегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон иштирокчиёни ҷамъомадро бо Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз интихобкунандагон  даъват ба амал оварданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат намоянд ва ба номзади арзанда ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ райъи худро диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>