ШАЙТОНИ АСРИ XXI МУҲИДДИН КАБИРӢ ДАР КАДОМ ҲОЛАТ ҚАРОР ДОШТ ВА ИМРӮЗ ҲАТТО ИНСОН БУДАНАШРО АЗ ДАСТ ДОДА, МИСЛИ САГИ ХОРА ТАНҲО БА АККОС ЗАДАН ҚУДРАТ ДОРАДУ ХАЛОС

Аз ҳазрати Абуҳурайра (раз) ривояте ҳаст, ки Расулуллоҳ (с) фармуда:

“Дар наздикӣ афроди маккору фиребгаре пайдо мешаванд, ки дар зери байрақи дин дар пайи ба даст овардани дунё хоҳанд гардид. Барои фиреб додани мардум ва барои таъсировар намудани мардум аз либоси дарвешонаву фақирона ҳамчун гург аз либоси меш амал хоҳанд намуд”.

Аз ҳадис бармеояд, ки бадтарин риёкор Муҳиддин Кабирӣ дар пӯшиши либоси тақво дар сомонаи Паймони мушрикон рӯзи 1-уми октябри соли равон аз вуҷуди инсонҳои покдилу эътиқодманд истифода намуданӣ шуда, бо гиллаву фитна, таҳдиду ҷудоиандозиҳо шурӯъ кард, то ки супоришҳои навбатии хоҷагони маблағгузорашро ба иҷро расонида, ба маъракаҳои ояндаи сиёсии кишвар роҳ ёбад.

Худ қазовот намоед. Чаро Кабирӣ аз Худову Расул неву аз Созмони амнияти ҳамкории Аврупо мадад меҷӯяд? Шояд таъсири Аврупо бошад, ки кайҳо ӯву ҳаммаслаконаш аз ислом рӯй тофта, ба дигар равияҳо пайваст гаштаанд.

Дар асл Паймони мушрикон мисли ТТЭ ҲНИ, ки дар Тоҷикистон заминаҳои иҷтимоӣ ва динӣ надошт заминаҳои боэътимод дар Аврупо надорад ва дер пойдор нахоҳад монд. Суханронии Кабирӣ “як соли Паймони мушрикон, натиҷагирӣ аз нишасти САҲА “ ва посух ба суолҳои шаҳрвандон як саҳначаи сохтаву бофтае буд, ки саволу ҷавобҳо пешакӣ тарҳрезӣ гашта, ба тамошобин таъсире надоштанд. Кабирӣ дар як суолу ҷавоб чанд дафъа иқрор шуд, ки мариз аст. Аз муколамааш бармеояд, ки дарвоқеъ мариз аст, аммо на ҷисман, балки дар мусофират аз ғарибиву беватанӣ, бемансабиву бекорӣ руҳан мариз гаштааст. Маризе, ки риёкорона бо дурӯғҳои маҳз ҳар як муаммову мушкилотро ба манфиати шахсиаш ва Паймони ғайрирасмиаш ҳал намояд.

Паймони мушрикин дар ягон ҳолат нерӯ, ниҳод ва ё ҷомеаи шаҳрвандӣ шуда наметавонад. Чаро? Паймони дурӯғин ва бофтаву сохта аз ҷониби ягон мақомот ба қайд гирифта нашудааст. Касе дар Тоҷикистон онро эътироф ҳам накардааст.

Макру найранги дигари Кабирӣ бо василаи ин саҳнача ворид шудан ба фазои иттилоотии Тоҷикистон аст. Агар дар барномаҳои пешини Паймони мушрикон фабрикаи ҷавоби Кабирӣ ба соҳибони суолҳо дарафтода буданд, ин дафъа хомӯширо ихтиёр карданд, то ки теъдоди суолҳо ва иштирокчиён зиёд гардад. Бо вуҷуди ҳамон қадар омодагии пешакӣ Кабирӣ натавонист ба дили бинандаи саҳна роҳ ёбад.Ҷавобҳои беасос ва аз воқеияти имрӯзаи кишвар дар канор нафрати мардум нисбати Кабириву Паймони аҳдшиканон даҳчанд афзунтар гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар даҳ соли охир то ба дараҷае ба сатҳи волои сиёсиву фарҳангӣ ба камол расиданд, ки ягон қувва наметавонад дар ин фазо холигие барои худ дарёбад. Саволу андешаҳои нишонрас, бахусус афкору нуктадонии ҷавонони ояндасози миллат ба Кабирӣ мушти обдоре буд, ки ӯ ба накаут рафт ва фосиқиву тӯҳматҳояш пурра ошкору аён шуданд.

Ғояҳои пучу бемағз ва дурӯғини Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон роҳ нахоҳад ёфт. Касе, ки ба миллати хеш душманӣ кард мисли гирдоб сари хешро батезӣ бихурад.

Ҷони Кабирӣ ва дигар аъзои Паймони мушрикон имрӯз дар азоб аст. Худованд ба Кабириву ҳамсафонаш аллакай дар ин дунё барои риёкориашон ҳамин гуна ҷазои сахттаринро раво дида, ки гушношуниду ғамангез аст. “Ғарибӣ, беватанӣ, дар ба дар гадоӣ, зори як луқма нони ҳалол ва бешарафӣ”

Худованди бузург ба ҳурмати ҳадис бандагонашро аз ин рӯзҳои наҳсе, ки ба сари Кабириву Паймони мушриконаш раво дидааст, нигаҳбон бошад.

Обидбой Аҳмадов-

раис Шӯрои собиқадорони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>